Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ дар мавзӯи Амнияти обӣ ва рушди бемайлон

26.08.2016 10:07

23 феврали соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов дар Конфронси сеюми байналмилалӣ бахшида ба мавзӯӣ «Амнияти обӣ ва рушди бемайлон», ки аз ҷониби Вазорати банақшагирӣ,  рушд ва ислоҳоти Покистон, Шӯрои Покистон оид ба омӯзиши идоракунии захираҳои обӣ ва Донишгоҳи Ҳарипур ташкил шуда буд, ширкат намуда, дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкориҳои обӣ, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии истифодаи захираҳои обӣ ва чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон баргузор шуда буданд,  суханронӣ намуд.

Дар конфронси мазкур инчунин вазири федеролии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба банақшагирӣ,  рушд ва ислоҳот Аҳсан Иқбол, намояндагони доираҳои илмӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ баромад намуданд.

Нигористон

Тақвим