31 августи 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ба Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоған Эътимодномаи худро супорид.
Раиси Ҷумҳурии Туркия зимни арзи дуруд ба Асосгозори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба давлати Тоҷикистон ва мардуми он сулҳ ва пешрафт орзу намуда, омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳор намуд.
Зимни суҳбат ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.