Мулоқот бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

11.11.2024 10:57

10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.

Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд.

Гуфта шуд, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

 

https://president.tj/event/news/48833

Нигористон

Тақвим