1 сентябри соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии мудофиаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон др. Ралф Браукзиперо ба ҳузур пазируфт.
Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории судбахши дуҷонибаро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда, ҳавасмандии амиқро ҷиҳати густариши робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок баён намуданд.
Ҳамзамон масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, а зҷумла СММ ва САҲА мавриди муҳокима қарор гирифтанд.