Иштирок дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарҳанги сулҳ

02.09.2016 19:30

1 сентябри 2016 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарҳанги сулҳ ширкат ва суханронӣ намуд.

Намояндаи доимии кишвар зимни суханронии худ оид ба вазъияти мураккаби замони муосир, аз ҷумла таҳдидҳои мухталиф ба сулҳу суботи ҷаҳонӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мушкилоти иқтисодию молиявӣ ва ғайра ибрози назар намуд. Намояндаи доимии кишвар инчунин аҳамияти натанҳо миллӣ, балки байналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷиконро, ки бар асари хиради азалии халқи тоҷик ва заҳматҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, таъкид намуд.

Иштирок дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарҳанги сулҳ

Нигористон

Тақвим