Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар Иҷлоси ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии САҲА

03.09.2016 14:06

1 сентябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Иҷлоси ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Потсдами Олмон бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Олмон, кишвари раисикунандаи САҲА баргузор гардид, ширкат кард.

Зимни муҳокимарониҳо вазирони корҳои хориҷӣ дар атрофи масъалаҳои марбут ба чолишҳои муштараки амниятӣ дар минтақаи САҲА ва зарурати таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати вокуниши муассир ба онҳо, мудирияти низоъҳо, мубориза бо терроризм ва назорати таслиҳот мубодилаи афкор карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни мубоҳиса таваҷҷуҳи ҳамтоҳои худро ба масъалаҳои амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бинобар ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон – ба зарурати қабули иқдомоти муштарак дар таҳкими амнияти сарҳадӣ ва кӯмаку мусоидат ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вежа Тоҷикистону Афғонистон ҷалб намуд.

Сироҷидин Аслов аз кишварҳои ширкаткунандаи САҲА ҷиҳати андешидани чораҳои мушаххаси муштарак дар мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ҷилавгирӣ аз истифодаи стандартҳои дугона дар     ин самт, инчунин пешгирии гуруҳҳои ифротгаро аз истифодаи интернет ба мақсади интишори ғояҳои террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафҳояшон даъват ба амал овард.

Дар ҳошияи иҷлоси мазкур мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо вазирони корҳои хориҷии Олмон, Австрия, Чехия, Лаҳистон, Украина, инчунин Раиси Шӯрои доимии САҲА – намояндаи доимии Олмон дар САҲА, намояндаи САҲА оид ба озодии васоити ахбори омма доир гардиданд, ки зимни онҳо масъалаҳои умдаи равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар Иҷлоси ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии САҲА

Нигористон

Тақвим