4 сентябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҷиҳати изҳори ҳамдардию тасаллият аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва бародари Ӯзбекистон бинобар фавти (даргузашти) бармаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримов ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
“Тоҷикистон аз талафоти мардуми ба мо дӯсту бародари ӯзбек - хабари даргузашти бармаҳали муҳтарам Ислом Абдуғаниевич Каримов сахт андӯҳгин аст.
Ислом Абдуғаниевич, роҳбарии кишварро дар марҳилаи муҳими тақдирсози барқарорсозии давлати соҳибихтиёр ба дӯш гирифта, дар таърихи мардуми ӯзбек ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ, муайянкунандаи шоҳроҳи рушду нумӯи кишвар шинохта гардид. Ба шарофати хирад ва дурандешиаш ӯ ба ҳайси сиёсатмадори барҷаста эътироф гардида, берун аз кишвараш ҳамчун шахси баруманду барҷаста шинохта шуд.
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯҳи амиқ ва ҳамдилии моро бо мардуми бародари ӯзбек ва ҳамдардиро ба хешу ақрабои Ислом Абдуғаниевич қабул намоед.”