Муносибатҳои Тоҷикистон бо Нидерланд

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Нидерланд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд 27 июли соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд маҳсуб мешавад.

Қароргоҳи Сафорати Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон дар ш.Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андре Карстенс мебошад.

Муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар дар марҳилаи такомул қарор доранд. Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ метавонад яке аз самтҳои авлавиятноки равобити дуҷониба миёни Тоҷикистону Нидерланд бошад.

Моҳи июли соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Нидерланд Созишнома оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармояҳо ба имзо расида буд.

Моҳи октябри соли 2015 дар ш. Душанбе форуми соҳибкорӣ бо иштироки доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Нидерланд дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гашт.

Дар соли 2018 ҳаҷми тиҷорати мутақобила 33 994,7 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 28 752,4 ҳазор доллар ба содирот ва 5 242,3 ҳазор доллар ба воридот рост меояд.                                                                                                                                                                

Нигористон

Тақвим