Таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар Сеул

05.09.2016 17:46

04 сентябри 2016 дар майдони марказии Сеул (Донгдемун Сквеа) ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона барпо гардид.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф Тоир ҳозиринро шодбош гуфта, роҷеъ ба аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои ободиву рушди дар даврони онбадастомада, таъкид намуд.

Дар чорабинӣ, ки бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Ҷамъияти дўстии Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ, доираҳои бозаргонӣ, расонаҳои маҳаллӣ ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик баргузор шуд, аксҳои манзараҳои зебои Ватанамон, китобҳо дар бораи таъриху фарҳанг, намунаҳои асарҳои кулоливу заргарӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии суннатӣ, мавод оиди имкониятҳои сайёҳии кишварамон ба намоиш гузошта шуда, дастархони идона бо таомҳои миллӣ ороста шуд.

Таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар Сеул

Нигористон

Тақвим