6 сентябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи ҷамбастии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи қарори комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бо шоҳҷоизаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуд.