Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҷдиди Ҷопон

07.09.2016 09:12

6 сентябри соли 2016, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири таҷдид - Вазири масъул оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати барқароршавӣ пас аз садамаи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи Фукушима ҷаноби Масаҳиро Имамура, ки ҳамзамон вакили Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон ва узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон мебошад, мулоқот анҷом намуд. Сафири Тоҷикистон Масаҳиро Имамураро ба муносибати таъйин шуданаш ба мақоми вазирӣ табрик намуда, комёбиҳо орзӯ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро, аз ҷумла табодули таҷриба ва технология барои коҳиши таъсири офатҳои табиӣ ва зарурати ҳамкорӣ байни ниҳодҳои хусусии ду кишвар дар татбиқи тарҳҳои барқарорсозӣ дар соҳаи мазкур баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон доир ба аҳамияти таъмини мусоидати техникӣ ва молиявӣ ба сохторҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҷдиди Япония

Нигористон

Тақвим