Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса

13.12.2024 08:16

12 декабри соли 2024 дар шаҳри Париж даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид. Машваратҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва директори Департаменти Аврупои қитъавӣ Брис Рокфей роҳбарӣ карданд.

Зимни музокирот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо ҳавасмандии ҷонибҳо барои таҳкиму густариши ҳарчи бештари муносибатҳои гуногунҷанба ва дар марҳилаҳои навбатӣ татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак таъкид гардиданд.

Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим