Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷористон (бо қароргоҳ дар ш. Вена) Қаландар Идибек мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Маҷористон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Нур-Cултон) – Отто Иван Рона мебошад.
Ҳамкориҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устоворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд.
Тамосҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар сатҳҳои гуногун идома доранд.
Моҳи феврали соли 2004 Муовини якуми вазир, Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Маҷористон - А.Баршон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни ин сафар ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмии кишвар вохӯрд.
17 январи соли 2011 дар шаҳри Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон баргузор гардиданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷористон рӯзи 10 июни соли 2011 ба муносибатҳои ду кишвар такони тоза бахшид. Дар ҳошияи сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Маҷористон - ҷаноби Пал Шмит мулоқот анҷом дод.
28 ноябри соли 2016 дар ш.Будапешт дар доираи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити оби Будапешт-2016 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон барпо шуданд. Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои мубрами инкишофи ҳамкориҳои сиёсӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд. Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Сироҷидин Аслов ва Петер Сийярто Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористонро барои давраи солҳои 2017-2021 ба имзо расониданд.
29 ноябри соли 2016 дар ш.Будапешт дар ҳошияи кори Саммити оби Будапешт-2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон ҷаноби Янош Адер атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ду кишвар мулоқоти судманд анҷом дод.
7 апрели 2021 сафари кории ҳайати Маҷористон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи он кишвар Петер Сийярто ба Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҳошияи ин боздид даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон зери роҳбарии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гашт, ки зимни он маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар соли 2021 933,7 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.
Пояи қарордодӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар ҳоли густариш буда, айни замон аз 18 санади дуҷониба иборат мебошад.
Июн, 2022