Ҷонибҳо доир ба масоили фаъолияти таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.
Ҳамчунин, вохурӣ бо намояндаи вежаи Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масоили Афғонистон Юэ Сяон баргузор гардид.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо муҳиммияти нигоҳдошти муколамаи кушод, таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин идомаи мубодилаи афкор ва таҷрибаро ба манфиати сулҳи минтақавӣ ва рушди устувор таъкид карданд.
Машваратҳо чун анъана дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо азми тавсеаи муносибатҳои байниидоравиро дар ин масир таъкид карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan