Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо ёвари вазири корҳои хориҷии АМА

16.12.2024 16:51

16 декабри соли 2024 мулоқоти маҷозии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ёвари вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба масъалаҳои энергетика ва рушди устувор Абдуллоҳ Аҳмад Балалаъа баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим