Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон

18.12.2024 17:52

18 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати байниидоравии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон – ҳамраиси Комиссия муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Мухтар Бабаев мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро бо тамаркуз ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки 18 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазирон ҳамчунин табодули афкор атрофи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Бокуро дар самти об ва иқлим анҷом доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим