Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо директори кишварии Бонки осиёии рушд

19.12.2024 17:39

19.12.2024.17.31.jpg

19 декабри соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо директори кишварии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Ко Сакамото баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОР-ро дар соҳаҳои обу энергетика, ҳифзи пиряхҳо, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва ғайра мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷӣ директори кишварии Бонкро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолаташ дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Нигористон

Тақвим