19 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Вазирон натиҷаҳои асосии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистонро дар соли 2024 бо тамаркуз ба нақши ҳамоҳангсози вазоратҳои корҳои хориҷӣ баррасӣ намуданд.
Аз сатҳи баланди тамосҳо ва дастгирии якдигар дар ҳошияи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Суҳбат дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan