Брифинг бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025

20.12.2024 14:39

20 декабри соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ авлавиятҳои асосии раёсати дарпешистодаи кишвар дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳо ва рушди институтсионалии Иттиҳод муаррифӣ шуданд.

Роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамчунин бо муқаррароти асосии консепсияи раёсати Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шурои сарони давлатҳои давлатҳои ИДМ тасдиқ шудаанд, шинос гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим