Вохӯрӣ бо раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

25.12.2024 17:13

25.12.2024.17.13.jpeg

24 декабри соли 2024 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Маҷмаи Умумӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе,  29-31 майи 2025) тақдим гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва пайомади он, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ва таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим