Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

10.01.2025 15:46

10.01.2025.14.48.jpg

10 январи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули назар намуда, мавзуоти марбут ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланди дарпешистодаро матраҳ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим