10 январи соли 2025 бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов сурат гирифт.
Вазирон натиҷаҳои асосии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2024 ва вазифаҳо дар соли 2025-ро бо тамаркуз ба нақши ҳамоҳангсози вазоратҳои корҳои хориҷӣ баррасӣ намуданд.
Аз сатҳи баланди тамосҳо ва дастгирии якдигар дар ҳошияи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Суҳбат дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan