22 январи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Штайбро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, фарҳанг, муҳоҷират, инчунин татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар доираи Роҳбурди Швейтсария барои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Ҳамчунин, тарафҳо барои роҳандозии иқдомҳои муштараки минбаъда дар чаҳорчӯби Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025, ш. Душанбе) изҳори мувофиқат карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan