Мулоқоти Сафир бо Президенти Ҷамъияти консертии “Мин-он”

15.09.2016 19:28

14 сентябри соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Ҷамъияти консертии “Мин-он” Ҳироясу Кобаяши баргузор гардид.

Ҷонибҳо ба таври муфассал оид ба рушди мубодилаи ҳамкориҳои фарҳангӣ тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак дар ин самт бо иштироки ҳунармандони ҳар ду ҷониб табодули назар намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо даъвати Ҷамъиятии консертии “Мин-он” Ансамбли рақсии «Зебо» дар гузашта ба ш. Токио сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Аз ин лиҳоз, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идома ва фаъолкунии ин анъана изҳор намуданд.

Тарафҳо иброз доштанд, ки ташкили чунин сафарҳои ҳунарӣ саҳми худро ба пояи ҳусни тафоҳум ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад гузошт. Масъалаҳои вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар оянда низ қайд карда шуд.

Мулоқоти Сафир бо Президенти Ҷамъияти консертии “Мин-он”

Нигористон

Тақвим