29 январи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Андреа Бахерро қабул намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва амният баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Австрия дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбӣ таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan