29 январи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ табодули афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии СААД сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҳамоҳангсози мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои узви Созмон дар татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки ноябри соли 2024 тасдиқ шудааст, иброз шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan