Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Шоҳигарии Камбоҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.01.2025 14:34

30 январи соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Камбоҷа Сок Чеаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш.Анқара) ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодулӣ назар карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Шоҳигарии Камбоҷаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим