30 январи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Боку) Кристофер Мартинес Берротеранро қабул намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Венесуэла дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ бо назардошти зарурати эҷоди заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳо баррасӣ шуд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Венесуэла дар рисолати минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan