31 январи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири тозатаъйини Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Остона) Кристофер Дагганро қабул кард.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба зарурати ҷонноксозии робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Канада дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла таҳкими муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, кумак баҳри рушд, ҷалби сармояи канадагӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, инчунин ташвиқи муносибатҳои башардӯстона ва муқовимати муштарак ба чолишҳои амниятӣ таъкид доштанд. Илова бар ин, масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасии мусоҳибон қарор гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Канада дар пешбурди фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон бурдборӣ таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan