Низоми бераводид бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

31.01.2025 19:15

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №1 тасдиқ гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори нави ҳайати вазирони Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба қаламрави якдигар тавассути роҳи ҳавоӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баръакс сафар намуда то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯз сафар намоянд.

Бо истинод ба муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати воридшавии бераводиди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби эрониро бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл ҷонибдорӣ менамояд.

Иқдоми мазкур танҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар амалӣ гардида, барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва/ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст.

Қоидаҳои нав шурӯъ аз 3 феврали соли 2025 ҷорӣ мегардад.

 

Нигористон

Тақвим