Нишасти Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба корҳои Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

01.02.2025 11:11

01.02.2025.11.06.jpg

30-31 январи соли 2025 дар шаҳри Тошканд ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин нишасти Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба корҳои Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ ширкат варзид.

Зимни нишасти мазкур масъалаҳои марбут ба такмили мундариҷавии даври ҳафтуми Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки баргузории он сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин вобаста ба баргузор кардани чорабиниҳои муштарак, ки дар Роҳкори рушди ҳамкориҳои минтақавӣ то соли 2027 пешбинӣ шудааст, табодули афкор анҷом дода шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим