Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон

01.02.2025 13:08

1 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати Ҷопонро таҳти роҳбарии мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон Акихиса Нагашима ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор намуда, ба баргузории нишасти Сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Мусоҳибон дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, экология, сайёҳӣ ва маориф муҳокима карданд.

Дар ин робита, аҳаммияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон, ки дар пешбурди ҳамкориҳои мутақобилан судманд саҳми назаррас мегузорад, таъкид шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба ҷанбаҳои калидии равобити фарҳангӣ ва башардӯстона, аз ҷумла масъалаҳои иштироки Ҷопон дар Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва ширкати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи EXPO-2025 дар шаҳри Осака тамаркуз карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим