3 феврал бо ташаббуси ҷониби Русия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Вазирон масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русияро бо тамаркуз ба татбиқи мувофиқаҳои 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани чорабиниҳои дарпешистодаи ниҳодҳои ИДМ таҳти раёсати Тоҷикистон, ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи СААД, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ зоҳир гардид.