4 феврали соли 2025 дар шаҳри Теҳрон муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ароқчӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва рафти иҷрои тавофуқоти дуҷониба, ки дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон М.Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин табодули назар миёни ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan