11 феврали соли 2025 соати 10:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2024 баргузор мегардад.
Аз ин рӯ, аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ лутфан хоҳиш мешавад, ки то 10 феврали соли 2025, соати 16:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ бо телефони 221-83-95 ё почтаи электронии informdepartment@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаби хабарнигор, номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan