11 феврали соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид доир гардид.
Санади мазкурро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Иттиҳоди Доминика дар ин Созмон Филберт Аарон ба имзо расониданд.
Дар асоси Созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин Созишнома, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ ҳастанд, аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати навад (90) рӯз озод мебошанд.
Ин созишнома ба муҳлати номуайян баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин Созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan