Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Қазоқистон

12.02.2025 12:49

11-12 феврали соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон боздид намуд.

Зимни сафар музокирот дар сиғаи маҳдуд ва васеъ бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор гардид.

Вазирон вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ -иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар партави тавофуқоти дар моҳи августи соли 2024 дар сатҳи олӣ ҳосилшуда муфассал баррасӣ намуданд.

Табодули афкор ҳамчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, МҲТБО, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат С.Муҳриддин ва М.Нуртлеу дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма изҳорот доданд.

Музокирот дар фазои ҳусни тафоҳум, ки ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвари бародар хос аст, гузашт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим