12 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словения баргузор гардид.
Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҷониби Словенияро котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури аврупоии Словения Марко Штучин роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳо, ки маротибаи нахустин баргузор гардид, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Словения, ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳои омодагии худро баҳри густариши ҳамкориҳо, тақвияти тамосҳои мустақим, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ва афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Словения иброз доштанд.