19 сентябри соли 2016 дар ш.Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Себастиан Куртс мулоқот доир намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия мавриди табодули назар қарор гирифтанд.