Мулоқот бо Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ

20.09.2016 13:50

20 сентябри соли 2016 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ М. Ҳусейнзода бо Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ  Ашита Миттал баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, масоили тақвият додани иқдомҳоро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мудирияти сарҳад ва такмили иқтидори миллӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Мулоқот бо Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ

 

Нигористон

Тақвим