Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15 январи соли 1992 барқарор шуданд. 11 феврали соли 2008 дар Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд.
Шурӯъ аз 15 декабри соли 2021 ба сифати сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ фаъолият менамояд.
20 декабри соли 2001 Сафорати Британияи Кабир дар ш. Душанбе кушода шуд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон мебошад (01/10/2024). Номбурда эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 31 январи соли 2025 супорид.
Моҳи январи соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба вуқуъ пайваст.
Ҳамкориҳои сиёсӣ
Шурӯъ аз соли 2002 то инҷониб мубодилаи сафарҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони аршади ҳар ду ҷониб сурат гирифтанд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима карданд.
Ҷалби сармояи Подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургия, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.
Инчунин 22 апрели соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон баргузор гардида, дар ҳошияи ин дидор Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки заминаи ҳуқуқиро баҳри танзими парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Лондон фароҳам меорад, ба имзо расониданд.
Шоёни зикр аст, ки дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, ин нахустин сафари Котиби давлатии корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Пояи қарордодиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушд қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 6 санади ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориву канорагирӣ аз андозбандии дукарата, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дипломатии ду кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамкории байнипарлумонӣ
Самти муҳими дигари ҳамкориҳои сиёсии дуҷониба ин густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир мебошад. Парлумони Британияи Кабир дар муайянсозӣ ва пешбарии сиёсати дохилию хориҷии ин кишвар нақши калидӣ дошта, инкишофи робитаҳо дар ин самт ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. То кунун як зумра сафарҳои ҳайатҳои парлумонии ду кишвар сурат гирифтанд.
Ҳамкории иқтисодӣ
Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисодӣ низ тадриҷан тавсеа меёбад. Ҳамкории иқтисодии байни Точикистону Британияи Кабир пеш аз ҳама дар доираи фаъолияти Барномаи минтақавии пештара Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) (айни замон сохтори таркибии ВКХ БК мебошад) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сарчашма меёбанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2024 зиёда аз 12 миллион доллари ИМА арзёбӣ мегардад.
31 январи соли 2020 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Вазорати савдои байналмилалии Британияи Кабир чорабинӣ бахшида ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷорати Британияи Кабир зери унвони “Имкониятҳои тиҷорати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- Eastern Europe and Central Asia Trade Opportunities" баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мақсади муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самти сармоя ва тиҷорат миёни доираҳои соҳибкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир барпо гардида, дар кори он зиёда аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳисоби ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, аз ҷумла сафоратҳои кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва савдои байналмилалии Британияи Кабир, роҳбарони ширкатҳои сармоягузорӣ, ташкилотҳои бахши хусусӣ, ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки бевосита дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзиданд.
9 сентябри соли 2019 Палатаи савдои Тоҷикистону Британияи Кабир (Tajik-British Chamber of Commerce) таъсис ёфт. Ин ниҳод ба раванди таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҷоратӣ, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.
28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва дастгирии Ҳукумати мамлакат Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар, иштирок намуданд.
Ҳамкориҳои низомӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар доираи барномаҳои таълимӣ ва машқҳои муштараки низомӣ, инчунин табодули таҷриба дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, иштирок дар амалиётҳои сулҳҷӯёна ва омӯзиши забони англисӣ роҳандозӣ шудааст.
13.03.2025