24 сентябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуд.
Бо ишора ба вазъи кунунии сулҳу амнияти байналмилалӣ, С. Аслов ба зарурати ҳаллуфасли таҳдидҳои афзояндаи низоъҳои мусаллаҳона ва терроризму экстремизм тариқи дарёфти роҳҳои нави мубориза ба хотири барқарор намудани субот ва ба ин васила таъмин кардани рушди устувор таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати густариши кӯмаки мақсаднок ба Афғонистон, ки ба барқарорсозии иқтисодӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоии он кишвар равона шудааст, даъват намуда, сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000-ро, ки моҳи майи соли ҷорӣ оғоз шуд, далели равшани омодагии Тоҷикистон баҳри иштирок дар барқарорсозии Афғонистон номид.
Зимни ироаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, Вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати расонидани кӯмак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои камтараққикарда, кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурд ишора намуда, таъкид кард, ки зимни баррасии масъалаҳои марбут ба рушди устувор бояд афзалият ба масоили вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим дода шавад.
Дар фарҷоми суханронӣ С. Аслов Маҷмаи Умумии СММ-ро бо натиҷаҳои Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Дастрасии ҳамагонӣ ба обу беҳдошт”, ки 9-11 августи соли равон дар ш. Душанбе доир гардида буд, шинос намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин аз кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирӣ намудани ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 даъват ба амал овард.