
2 июни соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо баён намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan