
26 июни соли 2025 нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи мувофиқаҳои Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои нишасти охирини сатҳи олӣ дар шаҳри Остона ва татбиқи амалии онҳо мубодилаи афкор намуда, тақвияти ҳамкориҳоро дар самтҳои амнияти минтақа, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳим шумориданд.
Гурӯҳи кории мазкур абзори доимоамалкунанда ба ҳисоб рафта, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон зимни вохӯриҳо тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи шарикии стратегиро дар бахшҳои муайян матраҳ менамоянд.