Мулоқот бо вазири сайёҳии Баҳрайн

21.07.2025 16:10

21.07.2025.16.11.jpeg

20 июли соли 2025 дар Манома сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн Акрам Каримӣ бо қароргоҳ дар Риёз бо вазири сайёҳии Баҳрайн Фотима Ас-Сайрафӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва  Баҳрайн дар бахши сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар ин замина, ҷонибҳо мубодилаи мунтазами боздидҳои ҳайатҳои расмии мақомоти сайёҳии ду кишварро мувофиқи мақсад донистанд. Ташкили форумҳои сайёҳии муштарак ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои сайёҳони баҳрайнӣ муҳим арзёбӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим