Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шуданд.
Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салман Бал (бо иқоматгоҳаш дар Остона) мебошад.
Аз соли 2001 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Директори Дафтари мазкур хонум Саломе Штайб (аз моҳи октябри 2020) мебошад.
Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳои расмӣ)
Абзорҳои гуногуни муколамаи сиёсӣ, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ, муколама оид ба ҳуқуқи инсон, мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмии кишварҳо ва мубодилаи сафарҳои расмӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои дӯстии Тоҷикистону Швейтсария саҳми арзандаи худро мегузоранд.
26 июни соли 2000 дар чаҳорчӯби баргузории ҷаласаи 24-ми сессияи махсуси СММ дар Женева Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Адолф Оҷи мулоқот анҷом доданд.
Моҳи апрели соли 2002 вазири корҳои хориҷии Швейтсария ба Тоҷикистон ташриф овард.
8 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмӣ оид ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумуҷаҳонии Савдо (WTO) ба Женева ташриф оварданд.
26 апрели соли 2013 ҳайати расмии Конфедератсияи Швейтсария таҳти роҳбарии Котиби давлатии Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Швейтсария - Ив Россие ба Тоҷикистон ташриф овард.
5-7 сентябри 2019 сафари кории директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
5-6 ноябри 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария барпо гардид. Зимни сафар мулоқотҳои расмӣ бо Президенти Швейтсария Ули Маурер, шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид, раиси Шурои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор”, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузории Швейтсария анҷом ёфтанд.
22 июни соли 2022 дар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Трафигура Групп” Ҷеремӣ Вейрро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ширкати “Трафигура Групп”-и Швейтсария баррасӣ гардид.
8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид.
2 июли соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соли 2024 – 724,75 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.
Дар рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария нақши муҳимро мебозад.
Ҳамкорӣ тавассути Дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар бахши бонкдорӣ низ тавсеа ёфта, дар доираи он як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта истодаанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ
Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, 17 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
07.03.2025