28–29 августи соли 2025 муовини Сарвазир — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар доираи сафари мазкур музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид, ки зимни он ба таври муфассал табодули афкор оид ба масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сурат гирифт.
Омодагии ҷонибҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, ҳамчунин аҳамияти таҳкими устувори муколамаи сиёсӣ иброз шуд.
Музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми анъанавӣ доир гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan