4 сентябри соли 2025 Шарифзода Фаррух, муовини вазири корҳои хориҷӣ аз Донишкадаи дипломатия ва робитаҳои хориҷии Малайзия (Institute of Diplomacy and Foreign Relations – IDFR) боздид ба амал овард.
Зимни боздид, ҳайати Тоҷикистон бо самтҳои калидии фаъолияти таълимии муассиса, аз ҷумла барномаҳои бозомӯзии кадрии вазорату идораҳои давлатии Малайзия, омӯзиши дипломатияи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мардумӣ, инчунин барномаҳои таҳқиқотӣ ва нашри маҷаллаҳои илмӣ шинос гардид.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти институт, имкониятҳои густариши ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ташкили барномаҳои мубодилавӣ, табодули таҷриба миёни ниҳодҳои таълимии дипломатии ҳарду кишвар, ва роҳандозии ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan