Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка 14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ШМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати ШМА дар Душанбе бунёд гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.
Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷаноби Фаррух Ҳамрализода (аз соли 2020) мебошад. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер (аз соли 2023) мебошад.
Равобит бо ШМА яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назари ҷонибҳо пеш бурда мешаванд. Ҳамчунин, ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.
Масоили умдаи глобаливу минтақавӣ, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир низ аз ҷумлаи мавзуоти рӯзномаи ҳамкории Тоҷикистон ва ШМА мебошанд.
Дар рушди муносибатҳои ду кишвар сафарҳои расмии сатҳи баланд ва вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва ШМА, ки зимни онҳо ҳолати пешрафти масъалаҳои рӯзномаи ҳамкории ҷонибҳо ва дурнамои онҳо баррасӣ мешавад, нақши муҳим доранд.
ШМА дар доираи барномаҳои бисёрсола барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталиф, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, амниятӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.
Пояи ҳуқуқиву қарордодӣ. То кунун тарафҳо 35 санадро дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонидаанд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Машваратҳои солонаи сиёсӣ (Annual Bilateral Consultations) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШМА дар мавзуоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ ва табодули андеша қарор мегиранд.
Ҳамкории Агентии рушди байналмилалии ШМА ва Тоҷикистон
Агентии рушди байналмилалии Штатҳои Муттаҳидаи Америка (АРБШМА) аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, тавассути лоиҳаҳои гуногун ба рушди соҳаҳои иқтисод, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ кумак мерасонад.
Барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-и АРБШМА ба деҳқонон дар афзоиш додани истеҳсоли зироатҳои серғизо саҳм гузоштааст. Дар бахши тандурустӣ аз соли 2003 АРБШМА барномаи мубориза бо эпидемияи ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон ва Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории силро дастгирӣ менамояд.
АРБШМА ба Тоҷикистон дар татбиқи манобеи барқароршавандаи энергия кумак намуда, барои мисол, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар Мурғоб як нерӯгоҳи офтобии 600 киловаттро насб кардааст.
АРБШМА ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба талошҳои Тоҷикистон дар амри рушди соҳа мусоидат мекунад. Соли 2022 Ёдошти тафоҳум оид ба амалисозии Барномаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ШМА ба имзо расид.
Ҳамкорӣ байни шаҳрҳо. 8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расидааст. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер оғоз гардида, соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Бо мусоидати шаҳри Боулдер дар шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе” бунёд шудааст.
Ҳамкории минтақавӣ бо ШМА. Ҷумҳури Тоҷикистон ва ШМА дар чорчӯби қолаби С5+1, ки равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА-ро фаро мегирад, ҳамкорӣ доранд.
Дар доираи қолаби мазкур ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА сурат гирифта, масъалаҳои мубрами минтақавӣ муҳокима мешаванд. Абзори асосии пешбурди ҳамкориҳо дар доираи қолаби мавриди назар гурӯҳҳои кории иқтисодӣ, энергетика ва муҳити зист ва амниятӣ мебошад, ки ҷаласаҳои онҳо солона барпо мешаванд.
19 сентябри соли 2023 сиғаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка тариқи баргузории Вохӯрии нахустини сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка” дар шаҳри Ню-Йорки ШМА ба сатҳи олӣ бароварда шуд. Дар рафти нишаст сарони давлатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муштараки минтақавӣ, муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир, рушди робитаҳои тиҷоратӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар самти энергетика ва ҳифзи иқлим, ҷалби сармояи ШМА ба соҳаҳои афзалиятнок табодули афкор намуданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка Эъломияи муштарак қабул гардид.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ШМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ. Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соли 2022 ба 152 млн. 445 ҳазор доллари ШМА баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 ба андозаи 3,4 баробар афзоиш ёфтааст. Аз он содирот 747,3 ҳазор доллар ва воридот 151 млн. 697,9 ҳазор долларро ташкил дод.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023, табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар 183 млн. 614,8 ҳазор долл. ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2022 қариб якуним баробар зиёд шудааст.
Сармоягузориҳои мустақими ШМА ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 то 2022 маблағи 485 млн. доллари ШМА-ро ташкил додаанд.
ШМА дар тули 32 соли ҳамкорӣ (1992-2023) ба Тоҷикистон дар бахшҳои рушди иқтисодӣ, ироаи кумакҳои башардӯстона, таъмини сулҳ ва амният, мусоидат дар татбиқи идоракунии адолатона ва рушди равандҳои демократӣ, инчунин эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ кумакҳои техникиву молиявӣ пешниҳод намудааст.
Ноябр, 2023