Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ироқ

08.09.2025 17:26

7 сентябри соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба Бағдод, мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо иқоматгоҳ дар Ал-Кувайт) Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Фуод Ҳуссейн баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла таъмини амният, мубориза бо терроризм, тақвияти ҳамкорӣ миёни сохторҳои қудратӣ, таҳкиму рушди равобити сиёсӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин сайёҳӣ ва илмию фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим